Ҳамоиши ҳамоҳангсозони СҲШ дар Тошканд: омодагӣ ба мулоқоти вазирону президентҳо

Ӯзбекистон, ки соли равон раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, ба мизбонии ҳамоишҳои муҳими ин созмон оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай- СҲШ баргузор шуд, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагони ҳамоиш, омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, ки аз 28 то 29 июл дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин омодасозии аснодро барои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон, ки аз 15 то 16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, идома додаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои аввали август Тошканд боз мизбони ҳамоиши намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
Тасдиқ шуд: Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ ширкат мекунад
Ӯзбекистон феълан раёсати СҲШ-ро бар ӯҳда дорад ва азм дорад, ҳамкориҳо дар ин бахшро таҳким бахшад. Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.