Оилае дар истгоҳи автобус миёни оташ қарор гирифт - дарди фарде, ки миёни мурдаҳо мегардад

Аз замони шурӯи тирборони манотиқи Донетск аз ҷониби артиши Украина беш аз 8000 нафар, аксаран ғайринизомиён ба ҳалокат расиданд
Sputnik
Пас аз он ки Русия амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро оғоз кард, шумори қурбониёни снарядҳо аз Киев ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт.
Дар ин бора Дмитрий Калашников, сардухтури тиббии ҶМД ба Sputnik Қирғизистон хабар дод.
"Ҳама он чизе, ки тайи ҳашт соли охир рух дод, комилан нодуруст аст. Дардовар ва даҳшатнок аст, пайдо кардани дӯстони худ миёни ҷасади мурдагон, Даҳшатнок аст, дидани тани беҷони кӯдакон. Ин воқеиятест, ки ман дар он солҳои зиёд зиндагӣ мекунам", — гуфт ӯ.
Калашников як қиссаи ҳассосро, ки ду нафар бар асари тирборони навбатии кӯчаҳои истиқоматӣ дар муҳити нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳалокат расиданд, зикр кард.
Онҳо падар ва писар буданд ва дар оила ҳамагӣ се нафар буданд.
Гузашта аз ин, мард кӯдакро бо худ пӯшидааст, то снаряд ба узвҳои ҳаётан муҳим наафтад, аммо дасту пойҳои кӯдак бо пораҳои оҳан бурида шуданд, аммо пушташ солим боқӣ монд.
Бо вуҷуди ин, ҳарду аъзои хонавода даргузаштанд ва модари кӯдак, ки дар наздикӣ буд, тавонист зинда монад, аммо то ҳол аз осеби равонӣ барқарор нашудааст.
Донетск боз гулӯлаборон шуд. Зарбаи артиши Украина ба вокзали автобус - видео
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомигардонӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нирӯҳои Украина зарба мезананд.