ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. То охири моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ идома дошта, дар водиҳо то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 47 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 37-40 дараҷа ва дар вилояти Дарвози ВМКБ то 42-44 дараҷа гарм мешавад.
Илова бар ин, КҲФ хабар медиҳад, ки аз 22 то 25 июл дар навоҳии баландкуҳ бар асари гармии ғайримуқаррарӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об баланд мешавад, ки дар ин минтақа хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони КҲФ нақшаи ҳаракат ба кӯҳистонро таҳия кунанд.
Ҳангоми истироҳат дар назди об, шумо бояд махсусан эҳтиёт бошед. Набояд дар ҷойҳои ношинос шино кунед, ки дар он ҷо қаъри санглох, алафҳо ё ҷараёни шадид вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин, дар назди обанборҳо ба бачагони хурдсол дққати махсус додан лозим аст, ки аз соҳил дур шино накунанд.
Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд, КҲФ чунин тавсия медиҳад:
Аз фаъолияти шадиди ҷисмонӣ худдорӣ намоед;
Кӯшиш кунед, ки дар соя бимонед;
Кӯдаконро дар мошинҳо зери офтоб нагузоред;
Ба режими нӯшокӣ риоя кунед;
Либоси сабуки озод пӯшед.