Ҳамадонӣ Камолов дар Испания ба дастаи нав гузашт

Бозигари умедбахши тими мунтахаби Тоҷикистон корномаи варзишияшро дар Испания идома медиҳад, аммо дар дастаи дигаре аз тимҳои ин кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳамадонӣ Камолов, бозигари шинохтаи ҷавони тоҷик ба бошгоҳи "Паракуэлос Антамира"-и Испания гузариш кард.
Ӯ ба дастаи наваш аз тими "Райо Махадаондо"-и ин кишвар, ки соле пеш созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида буд, гузариш кард.
Дар бораи муҳлати шартнома ва маблағи интиқоли бозигар иттилое нашр нашудааст.
Тими нави Камолов дастаи шаҳри Мадрид буда, дар дивизиони 3-юми Испания бозӣ мекунад.
Манучеҳр Сафаров гаронтарин легионери "Локомотив" гардид
Ин бозигар 19 сол дошта то ба дастаҳои испанӣ гузаштан, дар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бозӣ кардааст.
Ҳамзамон ӯ дар ҳайати яккаҷини ҷавонони кишвар нишонҳои нуқраи Ҷоми Осиё миёни наврасонро ба даст овардааст.
Ҳамзамон бошгоҳи "Торпедо- Белаз"-и Белорус бо Шаҳром Самиев, варзишкори тоҷик қарордоди ҳамкориро бо розигии тарафайн бекор кард.
Самиев дар ҳайати дастаи "Торпедо- Белаз" 13 бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол ноил шудааст. Дастаи нави ӯ то кунун дақиқ нест.