ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Омори ин навъ маризӣ дар шаҳру навоҳии Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 8770 ҳолат расидааст. Ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ наздик ба 3 ҳазор маврид бештар будааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Идораи тандурустии Суғд иттилоъ дода иброз намуд, ки бемории фарбеҳӣ дар миёни сини соли аҳолӣ зиёд гардидааст.
“Дар шаш моҳи соли 2022 вилояти Суғд ҳамагӣ 8770 нафар (соли 2021 – 5797) бемор бо нишонаҳои фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод кӯдакони то 14 сола 560 (2021 – 370) нафар, наврасон 361 (2021 – 205) ва калонсолон дар 7849 (2021 – 5222) ҳолат гирифтор шудаанд” – гуфт, Муҳиддинов
Сардори Идораи тандурустии Суғд хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 1437 ҳолат нав гирифторӣ ба фарбеҳӣ сабт шудааст ва ин шумора дар дар муқоиса ба шаш моҳи аввали соли гузашта 414 маврид ва ё беш аз 40 дарсад афзудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ омори гирифторшавӣ қариб дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд зиёд шудааст.
Табибон камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти ғизоро аз омилҳои гирифторшавӣ ба фарбеҳӣ медонанд.