Ҷабборов гуфт, Осиёи Марказӣ қодир аст, худро бо ғизо таъмин кунад

Иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барои пурра барқарор шудан пас аз доманпарокании пандемия фурсат надошт, ҳоло зарбаҳои навро аз сар мегузаронад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд худро бо ғизо таъмин кунанд, гуфт раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақа.
Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барои пурра барқарор шудан аз таъсири пандемияи коронавирус фурсат наёфта буд, ҳоло дар пайи ташаннуҷҳои байналмилалӣ таконҳои навро аз сар мегузаронад.
Дар чунин шароити бӯҳронӣ масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, суботи макроиқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ва фаъолияти ҳамоҳангро тақозо мекунанд.
"Ман боварӣ дорам, ки кишварҳои мо бо назардошти иқтидор ва захираҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди саноат қодиранд, ки худро бо озуқа таъмин кунанд", - гуфт Ҷабборов.
Вай қайд кард, ки Қирғизистон ҷонибдори ҳамкориҳои густурда дар ҳама соҳаҳост, ки ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии минтақа мусоидат мекунад.
Тавсиф аз рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли роҳбарии Мирзиёев
Дар ҳамин ҳол президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки сарфи назар аз динамикаи мусбат, барои рушди бештари минтақа бояд бозорҳои наздимарзӣ бо шароити муосир ташкил шавад.
Ӯ гуфт, имрӯз тиҷорати дохилиминтақавӣ ҳамагӣ 5-10 дарсади ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил медиҳад.
Вай гуфт, саъю кушиши иваз кардани воридоти гаронбахо ва на хамеша хушсифати мамлакатхои сеюмро бо махсулоти истехсолкунандагони чумхурихои Осиёи Миёна дарк кардан ва дастгирй кардан зарур аст.