Вазирон барномаи мулоқоти сарони Осиёи Марказиро мувофиқа карданд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ қабл аз мулоқоти президентҳои минтақа дидор карда, авзоъро баррасӣ намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон иштирок кард.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуд.
Дар мавриди масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса ба амният ва вазъи кунунии Афғонистон равона гардид.

"Дар рафти вохӯрӣ вазирон лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Чорабиниҳои марбут ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯзҳои 20 ва 21 июл дар маркази вилояти Исиқкӯл баргузор мешаванд.
Дар мулоқоти машваратӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Тоҷикистон гуфтанд, аломатгузории марзро бо Қирғизистон чӣ гуна ҳал мекунанд
Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Қирғизистон, дар доираи мулоқоти машваратӣ имзои асноде дар назар аст, ки ба таҳкими ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа равона шудаанд.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.