Солеҳ: Толибон дар Бағлону Панҷшер шикаст хӯрданд

Муовини нахусти раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон аз шикасти ҷангҷӯёни гурӯҳи толибон дар Панҷшеру Бағалон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон ахиран эълон кардааст, ки толибон пас аз талоши зиёд барои муҳосира ва саркуби ҷабҳаи муқовимат дар Бағалону Панҷшер ба шикасти мувоҷеҳ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, ки бақои неру пас аз ҳар ҳамлаи душман муқовиматро қавӣ ва боз ҳам қавӣтар сохтааст.
“Пас аз ҳар ҳамлаи нофарҷоми неруии муқовимат на танҳо тавонистааст баладият ва интибоқи бештар бо арозӣ ва ҳолат пайдо кунад, балки тасаллути сояи гунаӣ худро густариш диҳад. Интибоқ бар ҳолати яке аз дастовардҳои бузург муқовиматаст, ки ба фазли худованд душман аз он маҳрумаст”, - таъкид кардааст Солеҳ.
Ӯ дар идома гуфтааст, ки дар паёми яке аз размандагони дарраи Хоҳўш омадааст "мардуми аз дидан мо чунон эҳсоси хушӣ ва ҳаяҷон мекунанд, ки гӯё зиндонро барояшон шикаста бошем".
Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд
Вай афзуд, муттаассифона миллишаҳои бе адабу мутаъассиби толиби Афғонистонро барои мардум зиндон сохтаанд ва алҳақ, ки садои муқовимати садои озодӣ ва сарвараст.
Дар ҳамин ҳол, Мухтор Вафо ба нақл аз Шарифи Аллоҳӣ Сангин, бародари фармондиҳи Бариолай Сангин навиштааст, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи толибон пас аз панҷ рӯзи ҳамалоти пай дар пай дар навоҳии кӯҳистонии вулусволии Хусти вилояти Бағалон, ахиран аз хати ҷанг ақабнишинӣ карданд.
Қорӣ Фасеҳиддин Фитрат, ки раҳбарии ҷангро дар Хуст бар уҳда дошт, Бағалонро ба қасди Тахор тарк кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки наздик ба як ҳафта мешавад гурӯҳи толибони як бори дигари юришҳояшон бар неруҳои ҷабҳаи муқовимат ва ҷабҳаи озодӣ дар Панҷшеру Бағалон оғоз кардааст.