Ниёзи Хатлон ба табибон солҳои оянда давом хоҳад дошт

Мақомоти тандурустии Хатлон дар ҳоле аз камбуди мутахассисони соҳа дар вилоят гила доранд, ки даҳҳо табиб дар минтақа дар моҳҳои охир тарки кор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба 1157 табиб ниёз дорад, хабар дод Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят.
Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мушкилоти норасоии табибон дар муассисаҳои табобатии минтақа то чанд соли дигар боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Хатлон мутахассисони асабшинос, асабшиноси кӯдакона ва ревматолог намерасанд. Норасоии табибон дар вилояти мазкур дар ҳолест, ки дар шаш моҳи соли равон 163 табиб тарки пеша намуда, ба муҳоҷират рафтанд.
Тарки касб намудани муаллимону табибон ва рӯй ба муҳоҷират овардани онҳо тайи солҳои охир дар навоҳии Тоҷикистон ба мушкили мубрам табдил ёфтааст.
Раиси Суғд ваъда дод, ки ба муаллимону табибон ҳазор хона месозанд: ин кай иҷро мешавад?
Мақомоти Хатлон дар мавриди омӯзгорон изҳор медоранд, ки бархеи онҳо, ки қаблан бо қасди муҳоҷират тарки соҳа карда буданд, дигарбора ба кор дар мактаб баргаштаанд.
Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳ гуфт, ҳудуди 600 омӯзгор барои ба кор қабул шудан муроҷиат намуданд, ки аксари онҳо қаблан ба муҳоҷират рафта буданд.
Манбаъ афзуд, бо вуҷуди баргаштани як қисмат омӯзгорон аз муҳоҷират, дар муассисаҳои таълимии Хатлон 800 муаллим намерасад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сатҳи ҷумҳурӣ 3400 омӯзгор намерасад.