Беш аз ҳафт ҳазор қонуншикании марбути истифодаи замин тайи шаш моҳ

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфт, ки тайи шаш моҳи соли равон 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Кумита ва мақомоти он дар маҳал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.
“Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад”,- изҳор дошт Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.
Ориф Хоҷазода, ҳамзамон гуфт, ки нисбати 6148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 065 644 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки аз ин 2 330 799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 193 950 ададро ташкил дод.
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
“Аз ин шумора 71028 адад дар вилояти Суғд, 71325 адад дар вилояти Хатлон, 16495 адад дар ВМБК ва 35102 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои дехқоние, ки давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил гардидаанд, ҳамагӣ 2689 ададро ташкил медиҳад”, - афзуд Ориф Хоҷазода.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зикр кард, ки дар бораи рафъи камбудиҳо андешидани тадбирҳо якҷоя бо мақомоти прокуратура идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи марти соли равон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи палатаи болоии Парлумон аз вазъи харидуфурӯши ғайриқонунии замин дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба Прокуратураи генералии мамлакат супориш доданд, ки санҷишҳои прокурориро дар ин самт пурзӯр намояд.