Вазири маориф аз сифати таҳсил дар Тоҷикистон изҳори норизоӣ кард

Вазири маорифи Тоҷикистон аз сатҳи таҳсил дар макотиби миёнаи кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар ин самт корҳои мушаххас оғоз шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, сифати таҳсил дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ қонеъкунанда нест.
Ӯ гуфт, вазорат феълан барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда кор мекунад.
Ҳамчунин Саидзода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ба иловаи забони давлатӣ бояд ду забони дигар, яке русӣ ва дигаре хориҷӣ хуб омӯзонда шавад.
Ба гуфтаи ӯ дар ин самт ҳоло як лоиҳае омода бояд шавад, ки ба роҳҳои бештар забондон кардани хонандагон равона мешавад.
Дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 омӯзгор намерасад: вазир мегӯяд, ин мушкили ҷаҳонӣ аст
Хонанда тайи 11 сол дониши асосиро дар зинаи таҳсилоти миёна мегирад, аз ин сабаб таваҷҷуҳи мо низ дар ин самт равона шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар макотиби кишвар бинобар барномаи мушаххаси давлатӣ дар бораи рушди илмҳои дақиқи таваҷҷуҳ бештар ба ин самт равона карда мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Мактабҳои кишвар ҳоло ба 3400 омӯзгор ниёз доранд.