Раҳмон қонунҳо дар бораи моҳипарварӣ, дору ва стратегияи давлатро имзо кард

Қонунҳои имзокардаи раисҷумҳури Тоҷикистон аз банақшагирии стратегию дурнамосозии давлатӣ то моҳигирию фаъолияти фармасевтиро фаро мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор қонунҳоро ба имзо расондааст, ки баъди нашрашон дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ", "Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ", "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" ва "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ" имзо шуданд.
Таъкид шудааст, ки қонун "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст.
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
Қонуни марбути моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ равона шудааст. Дар зимн ба зарурати ҳифзи захираҳои моҳӣ ва рушди соҳибкории соҳаю бунёди ҷойҳои нави корӣ таъкид гардидааст.
Масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолӣ бо дору ва дигар молҳои тиббӣ бар асоси қонун "Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ" амалӣ мешаванд, ки президент имзо кардаст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Интизор меравад, ки қонунҳои мазкур баъди нашрашон дар матбуот мавриди амал қарор мегиранд.