ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро амалиёт дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ сурат гирифт.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, амалиёт замоне сар шуд, ки “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” камин гирифтанд ва гурӯҳи зудамали “Алфа”-ро намонданд сӯи Хоруғ раҳсипор шавад.
“13 корманди “Алфа”- ро захмӣ ва нафари дигарро куштанд. Пас аз ин, амалиётросар кардем ва чандеро безарар ва чанди дигарро боздошт намудем”, - таъкид намуд Раҳимзода.
Ӯ дар мавриди нигаронии бархе созмонҳлои ҳомии ҳуқуқ гуфт, амалиёт замоне оғоз шуд мо ҳама чизро нишон додем ва барои ҳомиёни ҳуқуқ чизеро пинҳон накардаем.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 18 май аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ин ноҳия хабар доданд. Бар асари ин амалиёт расман 8 сокини ноҳия кушта шуд.
Мақомот аз кушташудагон аъзои гурӯҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки аз сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд.
Зимнан, рӯзи 31 май низ мақомот дар ин ноҳия боз як амалиёти ҷадид гузаронид, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуд. ВКД аз кушташудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурд.