ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шудааст.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ, аз қавли раиси комиссияи интихоботӣ дар ҳавзаи рақами 1-и вилоят Умедҷон Носирзода хабар додааст.
Дар иттилоия аз Алишер Мирзонабот номзади арзанда тавсиф шудааст, ки "ташкилотчии боқувват ва мутахассиси сатҳи баланд" мебошад. Пешбарии номзадияш ба узвияти Маҷлиси миллӣ қадами дигаре барои рушди ВМКБ арзёбӣ мегардад.
Қаблан КМИР Тоҷикистон қарор карда буд, ки интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ноҳияҳои нобеи ҷумҳурӣ 26 август баргузор мешаванд. Манбаъ таъкид кард, ки аъзои нав ба ивази аъзои қаблан хориҷшуда интихоб мегарданд.
Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ, пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Инчунин дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуд.
Интизор меравад, Мирзонабот дар пайи интихобаш ба узвияти Маҷлиси миллӣ, ба эҳтимоли зиёд мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро низ хоҳад гирифт.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.