Гурӯҳи рӯзноманигорон Sputnik Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса рафт.
Сокини Мариупол Олег ба бинои харобшудаи 9-ошёна бо ваҳшат менигарад. Ҷасади холаи худаш, як нафақахӯри 74-сола ду моҳ боз дар ин бино мебошад.
"Ҳамин тавр шуд, ки хумпора аввал баромадгоҳро аз долонҳои умумӣ (ин "ошхона" аст) вайрон кард. Холаам берун баромада натавонист, бисёриҳо натавонистанд... Болои ӯ девор уфтод ва бино оташ гирифт. Ин ҳанӯз марги хуб аст, зеро боқимондаҳо сӯхтанд, — гуфт Олег.
Дар хонаи сӯхта чанд ҷасад мавҷуд аст, касе намедонад. Сокинони маҳаллӣ дар ин фоҷиа ҷангҷӯёни “Азов”-ро гунаҳкор медонанд.