Муаллимони муҳоҷир ба мактаб баргаштаанд

Бо вуҷуди бозгашти садҳо омӯзгори муҳоҷир ба ҷои кор дар макотиби Хатлон ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимии ин вилоят зиёда аз 800 муаллим намерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Омӯзгорон дар вилояти Хатлон, ки қаблан бо қасди муҳоҷират тарки соҳа карда буданд, дигарбора ба кор дар мактаб баргаштаанд.
Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ҳудуди 600 омӯзгор барои ба кор қабул шудан муроҷиат намуданд, ки аксари онҳо қаблан ба муҳоҷират рафта буданд.
Манбаъ афзуд, бо вуҷуди баргаштани як қисмат омӯзгорон аз муҳоҷират, дар муассисаҳои таълимии Хатлон 800 муаллим намерасад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар сатҳи ҷумҳурӣ 3400 омӯзгор намерасад.
Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?
Вазорати мазкур 6 моҳ қабл аз норасоии 2100 омӯзгор хабар дода буд. Ҳамин тариқ макотиби Тоҷикистон дар зарфи ним сол боз ба 1200 муаллими дигар ниёз пайдо кардаанд.
Бар асоси омори расмӣ, соли ҷорӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 14 ҳазор нафар бо равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки 7 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд. Саидзода гуфт, ки онҳо дар навбати аввал ба мактабҳо ба кор мераванд.
Ба иттилои Вазорати маориф, ҳоло дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.