ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мактабҳои муштараки Русияву Тоҷикистон аз 1 августи соли равон ба қабули хонандагон оғоз мекунанд.
Дар ин бора взири маорифи Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Саидзода изҳор дошт, ки дари ҳамаи панҷ муассисаи таълимие, ки дар асоси созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардиданд, аз оғози соли нави хониш ба рӯйи хонандагон боз мегардад.
Ба таъкиди Раҳим Саидзода, аз якуми август қабули хонандагон дар ин муассисаҳо оғоз мешавад.
Мактабҳои навбунёд пурра аз ҳисоби Русия дар шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Душане, Хуҷанд ва Кӯлоб сохта шуда, имкони фарогирии 1200 хонанда ба таҳсил дар як вақтро доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран матни қарори ҳукумати Русия нашр шуд, ки тибқи он ҳаҷми умумии маблағ, ки барои ташкил ва фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 378 миллион рубл равона мегардад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.