Уфти доллар ва болоравии рублу евро дар Тоҷикистон

Рубли русӣ тайи рӯзҳои истироҳатӣ нисбат ба сомонӣ гарон шудааст. Қурби евро низ пас аз коҳишёбии давомнок рӯ ба боло ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, 1000 рубл 171,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ 50 дирам боз мақеяшро беҳтар кардааст.
Пули аврупоӣ низ каме боло рафтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 10, 4807 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 10,4389 сомонӣ барои як евро буд.
Пули амрикоӣ бошад, боз коҳиш ёфтааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ як доллар дар сатҳи 10,4316 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.4068 муқаррар шудааст.
Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 171,5 ва дар фурӯш 173,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 171,5 сомонӣ мехараду ба ивази 174 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 171,5 ва ҳангоми фурӯш 173,5 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.