ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Далели аслии нарафтани сармоягузорони калон ба ВМКБ, ин набудани инфрасохтор аст, изҳор дошт Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маблағгузориҳо дар рушди инфрасохтор нав ҳосили худро дода истодаанд.
Вай барои рушди саноати куҳӣ таъминот бо нерӯи барқро муҳим хонд, ки ба гуфтаи ӯ иқтидори феълии энергетикии ВМКБ тавони таъмини онро надорад.
Дар ин самт ду барномаи бузург, яке нерӯгоҳи "Себзор" ва дигаре "Санобод" рӯи даст гирифта шудааст, ки интизор меравад, яке соли оянда ба кор дароварда шавад, гуфт вазир. Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки бо фароҳам шудани инфрасохтору барқ дар вилоят шароит мешавад, ки ширкатҳои калони куҳӣ ташкил гарданд.
Вазири саноат изҳор дошт, ки дар ВМКБ паркҳои технологии начандон калон вобаста ба талаботи вилоят омода кард шуда истодаанд.
Вай иттилоъ дод, ки ахиран аз шаҳри Хоруғ ва тамоми навоҳии ВМКБ боздид кард ва феълан барномаи мукаммалро таҳия кардаанд, ки ҷаҳишро дар саноати ВМКБ ҳосил хоҳад кард.
Вай таъкид намуд, ки дар ҷаласаҳои ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазорату идораҳо дастур медиҳад, ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Қаблан Шералӣ Кабир намояндаи ҳукумат дар шаҳри Хоруғ таъйин гардида буд. Ҳадаф аз таъйиноти Шералӣ Кабир рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ва таҷлили сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.