ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки сатҳи таваррумро дар соли равон ба андозаи 6% ҷамъ ва тарҳи 2% нигоҳ дорад.
Ин нуктаро Фирдавс Толибзода, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай дар зимн таъкид намуд, ки сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз омилҳои гуногуни берунӣ низ вобаста аст.
Иддаои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи сатҳи таваррум дар доираи нишондоди пешбинишуда дар ҳолест, ки таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, таваррум дар ҷумҳурӣ тайи 6 моҳи аввали соли равон дар нисбат ба ҳамин давраи сол гузашта 0,2% зиёд гашта, 4,1%-ро ташкил дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки сатҳи таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 7% ва маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 2,3% зиёд гашт.
Ҳукумати кишвар сатҳи таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6% пешбинӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввал суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 1,3% коҳиш ёфта, ба 7,4% баробар шуд.