Оҷонсии зидди фасод аз миллионҳо зарар ба давлат гуфт

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, дар давоми ним сол дар пайи санҷишҳо алайҳи 707 шаҳрванди кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, зарфи шаш мош дар кишвар 104,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарияш изҳор дошта гуфт, ки ин маблағҳо дар пайи 245 санҷишҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ошкор карда шуд.
Гуфта мешавад, аз ин маблағ, 62,4 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 27,1 миллион сомонӣ ба корхоаву муассисаҳо рост меояд.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 96,5 миллион ва ё 92,1 фисад барқарор карда шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида мешаванд.
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
Ин ниҳод зарфи шаш моҳ алайҳи 707 шаҳрванд барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ парванда боз кардааст, ки бештари он гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.
Ҳамзамон дар натиҷаи санҷишҳои ин ниҳод бо иттиҳоми ва пешниҳодҳо ба вазорату идораҳо 77 нафар аз мақомҳояшон барканор карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ахиран Қаблан Сулаймон Талбакзода, ноиби раиси оҷонсӣ гуфта буд, ки зарар бештар аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор мешавад.