ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Таҳримҳо чун ҳар маҳдудияти дигар асосан паёмадҳои манфӣ доранд, изҳор дошт Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар баробари ҷанбаҳои манфӣ инчунин паҳлӯҳои мусбат низ ҷой доранд, ки вусъати корҳо дар самти воридотивазкунӣ аз ҷумлаи онҳост.
Вай аз ҷумла рӯғанро мисол овард, ки дар шароити таҳримҳо Тоҷикистон бештару тезтар дар фикри ташкили корхонаҳои равғанбарорӣ шуд.
Инчунин таҳримҳо воридкунандаҳои маҳсулот ба Тоҷикистонро водор карданд, ки бозорҳои навро ҷустуҷӯ кунанд. Диверсификатсияи воридот сурат мегирад, зикр намуд Шералӣ Кабир.
Аз ҷумла шакарро зикр намуд, ки асосан аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешуд, аммо дар шароити маҳдудиятҳо интиқоли ин навъи маҳсулот аз Ҳинд афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вазир, таъсири таҳримҳо алайҳи Русия, ки шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, асосан дар бахши маҳсулоти нафтӣ ва ғалладонагиҳо эҳсосшаванда мебошад.
Дар зимн таъкид кард, ки феълан воридоти ғалла аз Қазоқистон талаботи Тоҷикистонро қонеъ карда истодааст ва дар ин бозор эътидол таъмин аст. Вай афзуд, ки дар бозори орду ғалла на танҳо болоравии нарх ба мушоҳида намерасад, балки баръакс поинравӣ ҷой дорад.