ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Кормандони Хадамоти гумрук ва кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар дидбонгоҳи марзии “Фарҳод” як занро боздошт карданд, ки ду маротиба ният доштааст ба хоки Тоҷикистон миқдори зиёди асъори хориҷӣ – як маротиба 20 ҳазор ва маротибаи дуюм 70 ҳазор долларро ворид намояд, иттилоъ додааст "Gazeta.uz".
Кормандони гумрук ва Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон занеро, ки зодаи шаҳри Бекобод будааст, боздошт кардаанд.
“Ин зан ният дошт, ки асъори хориҷиро ба Тоҷикистон барад. Дар ҳоле, ки тафтиши пешакии тафтишотӣ ҷараён дошт, зан талош кардааст маротибаи дуюм70 ҳазор доллари дигарро тавассути ҳамин дидбонгоҳи марзӣ интиқол диҳад ва ӯ ин пулҳоро дар либосҳояш пинҳон кардааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ илова кардааст, ки зани мазкур ҳоло боздошт шудааст.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки аксари пулҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта, ин зан ҳамчун ҳамчун хаткашон фаъолият мекардааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон нисбати ин зан бар асоси моддаи 182 (вайрон кардани қонунгузории гумрук)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.