Зиёд шудани содироти ангишти Тоҷикистон ба Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши наздик ба 15-баробарии содироти ангишт ба хориҷ аз кишвар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Масъулини ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар додаанд, ки содироти ангишт дар ин давра 278,3 ҳазор тоннаро дарбар мегирад.
Ба иттилоии ин вазорат дар ин давра Тоҷикистон ангишташро ба Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон содир кардааст.
“Ба Пкистон 93,1 ҳазор тонна, Афғонистон 183,7 ҳазор тонна, Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот шудааст”, - иттилоъ додааст ин вазорат.
Ҳамзамон, тибқи иттилои ҳамин вазорат содироти ангигшт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,8 ҳазор тонна) 14,8 мартоиба зиёд гардидааст
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
Ёдовар мешавем, ки ин вазорат зимни нишасти матбуотӣ имрӯз иттилоъ дод, дар нимсолаи якуми соли равон дар 10 кони ангишт 13 корхона фаъолият дорад.
Тибқи иттилоии ин ниҳоди давлатӣ дар ин давра истихроҷи ангишт ба 852,9 ҳазор тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин даваи соли гузашта 102,3 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 113,6 дарсадро ташкил додааст.
“Инчунин аз миқдори ангишти истихроҷшуда 365,5 ҳазор тонна ё 42,9 дарсади он аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 487,4 ҳазор тонна ё 57,1 дарсад аз тарафи корхонаҳои ғайридавлатӣ истихроҷ карда шудааст”, - таъкид кардааст вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.