Русия содироти бештари рӯғанро иҷозат дод

Ҳукумати Русия квота барои содироти рӯғани офтобпараст ва кунҷораро зиёд карда, муҳлати амали онро то охири августи соли равон муқаррар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Квотаҳои содироти равғани офтобпараст ба андозаи 400 ҳазор тонна зиёд карда шуд, хабар дод ҳукумати Русия.
“Квота барои содироти равғани офтобпараст 400 ҳазор тонна зиёд карда шуд. Қаблан ҳаҷми иҷозатдодашуда 1,5 млн тоннаро ташкил медод", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки содироти кунҷора низ ба андозаи 150 ҳазор тонна бештар карда шудаст. Ҳаҷми қаблӣ 0,7 млн тонна буд.
Ба иттилои ҳукумати Русия квотаҳо барои равғани офтобпараст ва кунҷора то 31 август амал мекунанд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ин тасмим дар пайи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти зикршуда роҳандозӣ гардида, як навъ дастгирии истеҳсолкунандаҳо мебошад. Зикр гардидааст, ки тавлидкунандаҳо аз ҳисоби фурӯши маҳсулоташон ба хориҷ суди бештар гиранд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ равғанро Русия ворид мекунад. Навъҳои равғани офтобпарасти тавлиди Русия дар бозори Тоҷикистон талабгорони зиёд дорад.
Арзиши доллар коҳиш ёфт, аммо нархи орду равған дар Тоҷикистон боло рафт: чаро?
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳукумати Русия қарореро тасвиб кард, ки ҳисобкунии боҷи содиротии ғалла, равғани офтобпараст ва хӯроки чорво ба ҷои доллар ба рубл гузаронида мешавад.
Хабар дода шуд, ки нархи базавӣ барои ҳисоб кардани боҷи содиротии гандум ба ҷойи 200 доллар, 15 ҳазор рубл, ҷав ва ҷуворимакка бошад ба ҷойи 185 доллар, 13 875 рубл муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин барои кунҷора низ 13 875 рубл муқаррар шудааст. Боҷҳои содиротии равғани офтобпараст баландтарин - 82 500 рубл барои як тонна хоҳад буд.