ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳадафҳои амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина амалӣ хоҳанд шуд ва онҳое, ки феълан ба режими Киев пулу аслиҳа медиҳанд, рӯзе инро дарк хоҳанд кард.
Ин нуктаро Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, дар мулоқот бо собиқадорони ҶБВ дар солгарди оғози муҳорибаи Сталинград баён дошт.
"Шумо итминон дошта бошед, ки ҳадафҳои ин амалиёт амалӣ хоҳанд шуд. Онҳо бо рафъи таҳдид, нозизудоӣ дар раҳбарияти Украина ва ғайринизомисозию аз байн бурдани таҳдидҳое, ки мустақиман барои Русия вуҷуд доранд, алоқаманданд", - гуфт ӯ.
Вай изҳори умед кард, фурсате фаро мерасад, онҳое, ки имрӯз ин режимро аслиҳаю пул медиҳанд, аҳдофи Русияро дарк хоҳанд кард. Ба гуфтаи Медведев, гарчанде ин умед хеле заиф аст, аммо таъмингарони Киев бо аслиҳаю пул, ки хоҳони тӯл додани низоъ мебошанд, дарк мекунанд, ки ин ба манфиати Аврупо нест.
Вай дар мавриди замони анҷоми амалиёт изҳор дошт, ки чунин иқдом лаҳзаина будан наметавонанд.
"Нақшаҳои муайяне мавҷуданд, ки кор аз рӯи онҳо пеш хоҳад рафт. Феълан ҶХЛ аз нерӯҳои миллатгаро пок карда шудааст... Дар қисмати дигар амалиёт идома дорад. Тавре 80 сол қабл ҳам буд, бачаҳои мо дар он ҷо барои Ватанашон мубориза мебаранд", - гуфт Медведев.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.