Байден гуфт, ИМА аз Ховари Миёна рафтанӣ нест

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ховари Миёна "вакуум" нахоҳад гузошт, ки онро Русия, Чин ё Эрон пур кунанд, гуфт президенти ин кишвар дар Ҷидда
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки кишвараш қасд дорад, дар Ховари Миёна фаъол боқӣ монад ва аз ин минтақа рафтанӣ неаст.
Ӯ афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ховари Миёна "вакуум" нахоҳад гузошт, ки онро Русия, Чин ё Эрон пур кунанд.

"Иҷозат диҳед рӯшан бигӯям, ки ИМА қасд дорад як шарики фаъол дар Ховари Миёна боқӣ монад", - гуфт Байден дар нишасти хабарӣ дар Ҷиддаи Арабистон, ки дар вебсайти Кохи Сафед пахш шуд.

Ба гуфтаи Байден, вақте ки ҷаҳон рақобатпазиртар мешавад ва мушкилоте, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, печидатар мешавад, маълум мешавад, ки "манфиатҳои Амрико бо муваффақият дар Ховари Миёна то чӣ андоза зич алоқаманданд".
"Мо намеравем ва холигӣ намегузорем, ки онро Чин, Русия ё Эрон пур кунад", - афзуд раисиҷумҳури Амрико.
Байден дар чорчӯби сафари худ ба Ховари Миёна нахустин сафари расмии худ ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Коршинос: ИМА мехоҳад ғалабаи иқтисодии худро бар ИҶШС такрор кунад
Ин дар ҳолест, ки коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад вазъияти 30 соли пешро такрор кунад, ки арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин рақобат тоб оварда натавонист ва ҳадафи сафари раҳбари Амрико Ҷо Байден ба Арабистони Саудӣ, низ ҳамин аст.
"Ҳадафи аслии Байден ҳангоми боздидаш ба Ховари Миёна, ки аз Фаластин, Исроил ва ҳоло аз Арабистони Саудӣ, пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраи Конгресс аст. Ҳамзамон, ӯ ду мушкилот дорад: дар сиёсат ин муноқиша бо Русия аст ва дар иқтисоди Амрико гузариши тадриҷан ба марҳилаи таназзул мушоҳида мешавад”, - гуфт Андрей Суздалтсев дар суҳбат бо РИА "Новости".