Ҳавои тафсон дар Тоҷикистон: то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

Дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбанда пешгӯӣ мекунанд. Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 10 метр дар як сония мерасад. Рӯзона ҳаво 37-42 ва шабона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон низ бебориш аст. Рӯзона дамои ҳаво то 38-43 ва шабона 21-26 дараҷа мерасад.
Ҳавошиносон гуфтанд, гармои шадид дар Тоҷикистон то кай идома мекунад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19-24ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20-22 дараҷа ва рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад.