Ӯзбекистон ҳаракати мунтазами автобусҳо бо Русияро ба роҳ мемонад

Алоқаи заминӣ, ки ду сол пеш бар асари паҳншавии коронавирус қатъ шуда буд, Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русияро дубора мепайвандад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ӯзбекистон ҳаракати мунтазами автобусҳоро ба шаҳрҳои бузурги Русия ба роҳ мемонад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ин кишвар дар "Telegram-канал"-аш.
"Аз 18 июли соли 2022 ҳаракати мунтазами автобусҳо бо шаҳрҳои Маскав, Қазон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барқарор мешавад", — омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои ин ниҳод, ин хатсайрро ҶДММ “Узавтотранс Сервис” тавассути автобусҳои “Ютонг” анҷом медиҳад.
Сафар аз Тошканд ба Маскав рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, аз Тошканд ба Қазон - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, аз Тошканд ба Санкт-Петербург - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Нархи як чипта тақрибан 73 доллар хоҳад буд.
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
Ёдовар мешавем, ки иртиботи заминӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар баҳори соли 2021 қатъ шуда буд, моҳи октябр барқарор шуд.
Илова бар ин, рӯзи 20 июни соли ҷорӣ бори аввал дар 30 соли ахир қатораи Душанбе-Тошканд байни ҳамсояҳо ба ҳаракат даромад.
Вақти сафари чунин қатор тақрибан 21 соатро ташкил медиҳад ва дар роҳ мусофирон метавонанд Самарқанду Ҷиззах, Гулистон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистонро бубинанд.