ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим карда шуд.
Ин миқдор китоби бадеиро мақомоти шаҳри Кӯлоб ба сарбозон тақдим кардаанд.
Ҳамчунин, ба сарбозон маводи ғизоӣ аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардиданд.
Дар маросими китобсупорӣ ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ширкат кардаанд.
Онҳо сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлобро аёдат карда, бо вазъи шароити хизмат ва истироҳату фароғати онҳо шинос шудаанд, хабар медиҳад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Назарзода зимни суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ гуфтааст, ки маҳз бо шарофати президент ва хизмати ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард.
Манбаъ афзуда, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистон сухан гуфта, таманно намуданд, ки ҳамеша дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.
Ҳамчунин дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.