ВАО: Сафорати ИМА дар Киев фаъолияташро қатъ кард

Қаблан мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шаҳрвандони худ даъват карда буд, ки ба далели амниятӣ хоки Украинаро тарк кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Сафорати ИМА дар Киев кори худро мутаваққиф кард, хабар медиҳад Sputnik Белорус дар канали "Telegram"-и худ.
Ба навиштаи ин манбаъ, ҳоло бинои сафоратхона баста шудааст.
"Сафорати Амрико дар Киев корашро қатъ кардааст. Бинои сафорат баста аст, кормандон ба назар намерасанд", - омадааст дар хабарнома.
Қаблан мақомоти ИМА ба шаҳрвандони худ муроҷиат карда буданд, ки Украинаро тарк кунанд.
Ба гуфтаи ин намояндагии дипломатӣ, вазъ дар Украина дар ҳоли ҳозир ниҳоят ноустувор арзёбӣ мешавад.
Володин: рокетҳое, ки ба Киев дода мешаванд, метавонанд ба сохибонашон баргардад
Ҳамзамон, ба гуфтаи сафорат, шароит метавонад "ба таври ҷиддӣ ва ногаҳон бадтар шавад".
Инчунин маълум шуд, ки консулгарии ИМА дар Одесса корашро қатъ кардааст, бино баста шудааст ва ягон корманд ба назар намерасад.
ИМА мекӯшад, ки муноқиша дар Украинаро ба ҳар қимате тамдид кунад