ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокини 26-солаи ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст ва дар қаллобӣ айбдор мешавад.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада аз се автомашинаи гаронарзиш гирифтааст.
Ӯ мошинҳои тамғаи “Лексус РХ” “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, ваъда додааст, ки баъди як моҳ маблағро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
"Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Чунин ҳодисаи монанд бо сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ рух додааст.
Сокини шаҳри Ҳисор ба бовари ӯ даромада "БМВ Х5"-ашро 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.
Ва ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати кӯтоҳ пардохт менамояд, аммо ба ваъдааш вафо накардааст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.