ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дастур дод, ки иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳи Русияро барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаҳои густардаи режими Киев ба инфрасохтори ғайринизомӣ ва сокинони шаҳракҳои Донбасс ва манотиқи дигар афзоиш диҳад.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки Шойгу гуруҳҳои нерӯҳои русии “Ҷануб” ва “Марказ”-ро, ки супоришҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро иҷро мекунанд, тафтиш кардааст.
Вазир гузориши фармондеҳи гурӯҳҳо дар бораи вазъияти ҳозира, характери амалиёти душман ва рафти иҷрои вазифаҳои ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Русияро шунидааст.
Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.
Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.
Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.