Зиндагии паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - видео

Масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов аз омор ва рӯзгори паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар ин ноҳияи шимолии Тоҷикистон гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба суоли рӯзноманигорон дар бораи шумори паноҳҷӯёни афғон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҳоло дар ҳудуди ин ноҳия дар умум 221 паноҳҷӯён ва ё муҳоҷирони афғон ба сар мебаранд.
“Паноҳҷӯёни афғон аз 45 оила иборатанд. Аз ин теъдод 24 оила ва 113 нафар дар ҷамоати Деҳмой ва 21 оила ва 108 нафар дар ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд” – шарҳ дод, Муталибзода.
Бар пояи иттилоъи манобеъ аз ҳукумати ноҳия муҳоҷирони афғон ҳудуди бист сол ба ин тараф дар ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Вале соли гузашта дар пайи ғасби қудрат аз сӯи Толибон теъдоди онҳо дар ҷамоати Меҳробод ба 21 оила ва беш аз 110 нафар дар ин ноҳия афзудааст.
Зумрад Муталибзода гуфт, вазъи иҷтимоии муҳоҷирони афғон пайваста назорат шуда ба онҳо ба иловаи кору шуғле, ки худ ба иҷро мерасонанд кумаки молӣ ва тиббии ройгон расонида мешавад.
“Аз ҷумла аз воксинзании вояи 1, 2 ва 3 ин мардум бо фарҳангу фаҳмиши баланд гузаштанд ва зиддият нишон надоданд. Ин мардум бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин ҳастанд. Ҳар вақт аз ҷониби ҳукумат соҳибкорон ва саховатмандон аёдат шуда бо сару либос ва ҷиҳози хониш таъмин карда мешаванд. 42 атфоли афғонӣ дар ду мактаби ҳудуди ноҳия ба мактаб фаро гирифта шудаанд", - таъкид намуд, масъули ҳукумат.
Ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ба муҳоҷирони афғон мунтазам аз ҷониби сохторҳои беҳдоштию марказҳои саломатии ноҳия пурра ёрии тиббии ройгон расонида мешавад.
Сафири Русия: Вуруди бештари паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон имкон дорад
Масъулин мегуянд, то ин замон аз ҷониби муҳоҷирони афғон ба унвонии ҳукумат шикоят ворид нашудааст ва мардум аз шароити зисти худ розӣ ҳастанд.
“Дар миёни онҳо фарҳангдӯстон ниҳоят зиёд ҳастанд. Дар маърака ва чорабиниҳои расмии ноҳия бо завқ иштирок меварзанд. Аз ҷумла соли ҷорӣ дар Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз санъаткорон суруду таронаҳои ҷаззоб сароид ва ҳунари худро муаррифӣ кард” – зикр кард, Муталибзода.