Нигаронии Раҳмон: Аз "хонасозии ҷинояткорон" дар атрофи Душанбе то қонуншикании раисон

Додситони кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани қариб як ҳазор қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хабар дод, ки аксарияташон марбути заминанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Додситонҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 924 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро ошкор кардаанд, ки беш аз 80%-ашон ба замин рабт доранд.
Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошта, афзуд, ки қонунвайронкунӣ дар муомилот бо замин идома ёфта истодаанд.

"Худсарона ишғол намудани замин ва бунёди хонаҳо аз тарафи ашхоси ҷинояткор, алалхусус дар теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо зиёд аст", - таъкид кард ӯ.

Вай илова намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Ба иттилои додситонӣ, гуруҳҳои мазкур тайи ду моҳи охир 483 ҳолати худсарона ишғол ва тақсими заминро ба масоҳати 32,4 гектар ба қайд гирифтаанд.
Аз ҷумла ба ноҳияи Варзоб - 8,3 гектар, дар Рӯдакӣ 8,4 гектар, Ваҳдат - 5,2 гектар, Ҳисор - 5 гектар, ноҳияи Сино - 3,6 гектар, Шоҳмансур - 2,1 гектар ва Исмоили Сомонӣ - 0,6 гектар ошкор шудааст.
Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба заминфурӯшии раисони шаҳру навоҳӣ
Ба иттилои Юсуф Раҳмон дар заминҳои мазкур, 483 иншооти ғайриқонунӣ бунёдгардида, аз ҷумла 172 хонаи истиқоматӣ 73 сохтмони нотамом бартараф карда шуда, 63 қитъаи замин аз масолеҳи сохтмонӣ тоза гардидаанд.
Дар маҷмуъ ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон 11 ҳазору 186 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.