ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд.
Вай таъкид кардааст, ки дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.
“Сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард”, - таъкид кард оқои Ҳакимзода.
Сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон қайд кард, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд.
Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.