Путин Қонун дар бораи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи нафақаро имзо кард

Қонун дар бораи таъмини нафақа байни ду кишвар дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, ки иддае аз муҳоҷиронро ҳуқуқ медиҳад, нафақ гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Қонун дар бораи тасвиби созишномаи миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нафақаро имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Созишнома ба шахсоне дахл дорад, ки худ ва аъзои хонаводаи онҳо шаҳрванди Русияву Тоҷикистон ҳастанд.
Инчунин зикр мегардад, ки предмети созишнома тамоми намуди нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои ҷамъшаванда ва дигар пардохтҳо аз пасандозҳои нафақавӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои дафнро дар бар мегирад.
"Дар сурати кӯчидан ба ҷои истиқомати доимии шахси суғурташуда дар кишвари сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда аз рӯи интихоби ӯ аз ҷониби тарафҳои шартномавие, ки онро таъин кардааст, идома дода мешавад", - қайд мекунанд муаллифон.
Созишнома 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд. Дар маводҳои тавзеҳдиҳии ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки дар Русия ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа суғуртаи пиронсолиӣ арзиши коэффисенти нафақаи индивидуалӣ барои давраҳои коре, ки дар Русия ва ҶФСРШ гирифта шудааст, муайян карда мешавад.
Шӯрои Федератсия созишномаи таъмини нафақа бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Қаблан порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ созишнома бо Русия дар бораи нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонд.
Ба ин тартиб, муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа дарёфт кунанд. Дар баробари ин, онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба Хазинаи нафақаи Русия маблағ гузоранд.