ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон нишони палатаи болоии парлумонро тасдиқ ва муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумон, нишони Маҷлиси миллии Тоҷикистон рамз ва муаррификунандаи Маҷлиси миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
"Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии ҷумҳурӣ тасвир ёфтааст", - омадааст дар муаррифинома.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст.
Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дар поёни он "Маҷлиси Миллӣ" навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо карда шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки ин Нишони расмӣ ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо ҷой мегирад.
Инчунин нишони ҷадид биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешавад.