ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шамсулло Кабирзода, раиси Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андоз дар нишасти хабарӣ масъалаи андозбандии блогерҳоро тавзеҳ дод ва гуфт, аз онҳо чӣ миқдор маблағ ситонида шудааст.
Бино ба иттилои Кабирзода то имрӯз дар Тоҷикистон ба сифати шахсони воқеӣ 32 блогер дар Кумитаи андоз худро сабти ном кардаанд ва ба буҷаи кишвар миллионҳо андоз супоридаанд.
"Блогерҳо давоми соли гузашта, ки муҳлати пешниҳоди эъломияашон то 1 апрел баъди соли ҳисоботӣ ҳаст, беш аз 18 миллион сомонӣ даромади андозбандишаванда нишон додаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат тақрибан 2 миллион сомонӣ андоз ворид шудааст", - гуфт Кабирзода.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, нисбати блогерҳое, ки аз сабти ном ва супоридани андоз саркашӣ мекунанд, чораҷӯӣ карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки аз миқдори даромади блогерҳо огоҳанд, вале ба далели возеҳ набудани меъёри ҳуқуқӣ дуруст наметавонанд онҳоро андозбандӣ кунанд.
"Мо манбаъҳои онҳоро дуруст муайян карда наметавонем, вале мо маълумот дорем, ки онҳо чӣ қадар даромад мегиранд. Санадҳои меъёрӣ имкон намедиҳад, ки мо блогерҳоро дуруст андозбандӣ кунем", - гуфт намояндаи Кумитаи андоз.
Ӯ афзуд, ки дар Тоҷикистон феълан таҷрибаи давлатҳои дигарро дар ин самт омӯхта истодаанд.
"Чаро бояд як кас андоз супораду дигар не. Барои ҳамин ягон кас бояд хафа нашавад худро ба қайд гирад ва андозро супорад", - хулоса кард намояндаи Кумитаи андоз.