ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд, гуфт манбаъ.
"Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, истеҳсоли нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз афзуда, дар маҷмӯъ, 6 769,6 тонна нахи пахта ва бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4 млн. 45,3 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Манбаъ меафзояд, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот низ сол аз сол афзоиш ёфта, дар 6 моҳи соли равон ба миқдори 2 433,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 127,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Илова бар ин, дар вилояти Суғд ба миқдори 14 540,7 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш 101,2 фоиз таъмин шудааст.