ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз 13 то 14 июл дар баъзе навоҳии Тоҷикистон сели пиряхӣ мефарояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон селфароӣ дар назар аст.
Кормандони КҲФ аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз ҳезумчинӣ, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва занбурўғ худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунанд ва ба қадри имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок комилан худдорӣ намоянд
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки ба зудӣ ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна дарахту чӯб ва сангу шағал тоза кунанд.
Дар сурати омадани сел коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки дару тирезаро маҳкам баста, барқ, об ва газро хомӯш кунед.
Эҳтимол аст, ки одамон, биноҳо ва иншоот дар сатҳи сели ҳаракаткунанда қарор гиранд. Дар ин маврид шумо бояд биноро тарк карда, ба қадри имкон боло ҳаракат кунед ва мувофиқи вазъият амал карда, ҳангоми боз истодани ярч аз сангҳо, пораҳои иншоот, девор, гилхок, ки аз паси он меояд, эҳтиёт шавед.
Пас аз ба охир расидани фурӯрезии ярч ва сел, пеш аз баргаштан ба хонаҳо боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки дигар хатар вуҷуд надорад.
Кормандони КҲФ дар ҳолати хатар, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк хоҳиш кардаанд, ки телефонҳои 112 ё ба шӯъбаи навбатдорӣ: 93-880-28-19, 223-13-11 занг зананд.