ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, ахиран дар шаҳри Роғун Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо Пиетро Салинӣ, роҳбари ширкати “Вибилд” дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Вибилд” дар мавриди иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида кардааст, андешаронӣ кард ва таъкид доштааст, бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Вибилд” ба кишвардори Тоҷикистон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки роҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ширкати “Вибилд” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард ва бо рафти сохтмони бузургтарин НБО "Роғун" ошно шуд.