ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз 15 то 17 июл дар шаҳри Загреби Хорватия Мусобиқаи ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" баргузор мешавад.
Бино ба гузориши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, кишварро дар ин сабқат 8 нафар паҳлавонон муаррифӣ мекунанд:
Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг),
Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг),
Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг),
Алиҷон Сафаралиев (-66кг),
Наврӯз Каримзод (-73кг),
Шодмон Ризоев (-81кг),
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)
Комроншоҳ Устопириён (-90кг).
Дар мусобиқа ҳамчунин, ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Бояд гуфт дар ин сабқат, варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд.
Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии ҷудо — "Grand Slam Hungary 2022" баргузор гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро касб карданд.
Қобили зикр аст, ки дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд.
Аз ҷумла, аз Тоҷикистон мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардида буданд.
Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.