ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саидалӣ Зарифзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, имсол дар остонаи Иди Қурбон дар бозорҳо аз ҳама зиёд банан дида мешуд, вале сабаби гарон буданашро шарҳ надод.
Ба қавли Зарифзода, банан аз ҷиҳати иҷтимоӣ ғизои зарурӣ ба шумор намеравад.
Вақте масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бананро 3,5 сомонӣ гуфт, рӯзноманигорон бо як овоз иддао карданд, ки нархаш баландтар аст.
"5 сомонӣ, 7 сомонӣ ва ҳатто 9 сомонӣ ҳам шуд", - гуфтанд рӯзноманигорон, ки дар посух мақомдор гуфт, "дар ин ки шумо аз ҷои гарон харидаед, маро гунаҳкор накунед".
Дар ҷавоб ба ин суол, ки бананро ба Тоҷикистон аз кадом кишварҳо меоранд, Зарифзода гуфт, аз хориҷи кишвар, вале давлатҳои содиркунандаро ном набурд.
Бино ба гузориши Хадамоти зиддинҳисорӣ, тибқи маълумоти омори гумрукӣ, дар соли 2021 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 983 тонна банан ворид карда шудааст.
Ин миқдор бананро се субъекти хоҷагидор: "Ҳумоюн А", ҶДМ "Тиҷорат Экспресс" ва ҶДМ "Элек Кул" ба Тоҷикистон овардаанд.