Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?

Тоҷикистон тавлиди ғалла, картошка ва гӯштро дар нимсолаи аввали соли равон зиёд карда, тавлиди шир, тухм, асал, пашм ва моҳиро коҳиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиси ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд мебошад.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ ба 8,5 млрд сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 4,5 млрд сомонӣ баробар гардидаст.
"Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ВМКБ 171 млн сомонӣ, дар вилояти Суғд 3,3 млрд сомонӣ, Хатлон 7,7 млрд сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 1,7 млрд сомониро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки истеҳсоли ғалладона дар нимсолаи аввал муодили 688 ҳазор тонна шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% зиёд мебошад.
Колхоз не, кластеркунонӣ: дар Тоҷикистон шакли нави хоҷагидорӣ пайдо мешавад
Тавлиди картошка, ки нони дуюм дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар давраи ҳисоботӣ ба 262 ҳазор тонна баробар шудааст. Истеҳсоли сабзавот 1 млрд тонна, полизӣ - 283 ҳазор тонна, мева 116 ҳазор тонна ва ангур 2,4 ҳазор тоннаро ташкил додаст.
Дар мавриди чорводорӣ зикр шуд, ки истеҳсоли гӯшти чорво ва парранда тайи нимсолаи аввал дар вазни зинда қариб 94 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта камтар истеҳсол гардидаанд.
Дар ин феҳраст масъулони Вазорати кишоварзӣ ширро ном бурданд, ки 383 ҳазор тонна ё 2,3% камтар тавлид шудааст. Истеҳсоли тухм ба 576 млн дона баробар шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 25% кам гардидаст. Тавлиди пашм - 5 ҳазор тонна, моҳӣ - 1,1 ҳазор тонна, асал - 607 тонна баробар гардидааст, ки аз нишондоди соли қаблӣ камтар аст.