ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар шароити рушди бунёди бисёрошёнаҳо зарур аст, ки инфрасохтори алоқаи мобилӣ низ мутобиқ карда шавад.
Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки агар иншоот сохта шавад, бояд мушаххас гардад, ки дастгоҳи интернету алоқа дар куҷо насб карда мешавад.
Дар биноҳои баландошёна, тамоми инфрасохтору дастгоҳҳо бояд ба назар гирифта шаванд, то дар дохилу атрофи бино алоқаи босифат таъмин гардад, илова намуд ӯ.
Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳо суръату сифати алоқаи мобилию интернет паст мешавад, ҳушдор дод ӯ.
Рушди инфрасохтори алоқа дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, ҳатто дар навоҳӣ низ биноҳои бисёрошёна созанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи замин дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёнаро мамнуъ карда буданд, ки ба иттилои додситонии ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир на ҳамеша риоя мешавад.
Мақомот дар маҷмуъ бо ишора ба камзаминии Тоҷикистон бунёди бисёрошёнаҳо, аз ҷумла дар деҳотро тавсия медиҳанд.
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон низ ахиран дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ гуфт, ба наздикӣ мактабу кӯдакистонҳо низ бисёрошёна хоҳанд шуд. Ӯ далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбуди замин рабт дод.