ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русияя баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳайати гурӯҳи кориро аз тарафи Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ҷониби Русия Демиденко Дмитрий, иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсат дар умури масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия роҳбари намуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни ҷаласаи мазкур роҳбарони гурӯҳи корӣ таҳкими ҳамкориҳоро барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои Тарафҳо дар доираи созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон зимни ҷаласа иштирокчиён дар бораи вазъи муҳоҷират, мубодилаи оморӣ байни Тарафҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва тағйиротҳо дар қонунгузории Тарафҳо оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ мубодилаи афкор намуда, ҷониби Русия вобаста ба корҳои анҷомдодашуда барои таъсиси марказҳои омодагии пеш аз сафар дар кишварҳои асосии интиқолдиҳандаи қувваи корӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маълумот дод.
Қайд карда шудааст, ки гурӯҳи кории тоҷикистонӣ ба мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, тартиби гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия, муҳлати амали сертификатҳо оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия, инчунин ба таъхир мондани кушодашавии намояндагии МДБ “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират”-и шаҳри Маскав дар Тоҷикистон таваҷчуҳ намуд.
Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон ворид намудани тавсеаро “дар хусуси аъзои оилаи ғайриқобили меҳнати муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди яке аз Тарафҳо, ки дар Тарафи дигар ба фаъолияти меҳнатии муваққати машғул аст, дар мақомоти ваколатдор ба таври содагардонидашуда ба муҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванд дар давлати қабулкунанда ба қайд гирифта шавад”, пешниҳод карда шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ҷониби Русия омодагии худро ҷиҳати андешидани чораҳо дар танзимти масъалаҳои мазкур иброз доштанд.
Дар ҷараёни ҷаласа гуруҳи корӣ матни чанд лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистону Русияро муфоқа кардааст.
Дар феҳрасти лоиҳаҳо, аз ҷумла тарҳи созишнома миёни ҳукуматҳо дар мавриди мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши тоҷикистониён дар ФР ва баръакс, инчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Русия барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ таъйид шудаанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар фарҷом тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда протоколи дахлдор қабул намуда, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.