ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳафт асари меросфарҳангии Бухоро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом дохил карда шуд ва гувоҳинома дарёфт кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, Ожонси мероси фарҳангии вобаста ба Вазорати гардишгарӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ахиран эълом кард, дар нишасти ахири Созмони ҷаҳонии исломӣ барои омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳангии Ойсеско дар Марокаш 7 асари мероси фарҳангии Бухро дар феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони ислом дохил карда шуд.
Манбаъ хабар додааст, ки ин 7 асари мероси фарҳангии Бухоро гувоҳиномаи ин созмонро дарёфт кард.
Солим Алмолик, мудири кулли Созмони ҷаҳонии исломӣ дар умури омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳанг гувоҳиномаҳои марбут ба мақбари Исомили Сомонӣ, муҷтамаҳои Чорбакр ва Баҳоиддини Нақшбанди, масҷиди Мағоки Атори, муҷтамаи Пойикалон, шаҳрҳои бостони Пойкунт ва мадрасаи Тошрасоиро тақдим кард.
Ожонси мероси фарҳанги барномарези мекунад барои таблиғизи осори мероси ғанӣ фарҳангии Ӯзбекистон бо ҳузури олимони исломи ҳамоишҳои илми ва байналмиллалӣ баргузор кунад.