Шиносиии Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун”

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар кишвар ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
“Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки хобонидани бетони ҳамворкунандаи, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст. Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад.
Оғози сафари кории Раҳмон ба НБО “Роғун”
Қайд карда шудааст, ки дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгарӣ аз сӯи коргарону мутахассисони ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” сурат мегирад.
“То имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст”, - зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то имрӯз 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Боз як кишвари дигар омодаи харидорӣ аз барқи НБО "Роғун" шуд
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулон дастур дод, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд.
Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.