ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дастаи занонаи Ӯзбекистон дар нахустин бозии чемпионати CAFA - 2022 тими Тоҷикистонро голборон кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бозӣ бо ҳисоби 6:0 анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолибон хет-трикро Нилуфар Қудратова анҷом дод. Илвина Аблякимова ду гол зад ва Заррина Мамадкаримова як голи дигарро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ворид кард.
Чанд соат пеш аз ин дар майдони Душанбе дастаҳои занонаи Туркманистон ва Қирғизистон вохӯрданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Пас аз ду даври бозии CAFA - 2022 Championship Women, тимҳои Ӯзбакистон ва Эрон, ки сеимтиёзӣ ба даст овардаанд, бо ҳам пешсафанд. Дастаи мунтахаби Туркманистон бо ду хол дар сегонаи беҳтарин қарор дорад.
Даври сеюми рақобат рӯзи панҷшанбеи 14 июл баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шоми 11-уми июл дар Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона оғоз шуданд.
Қаблан Юсуф Рабиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки тими миллӣ дар ҳар бозӣ таош мекунад, ки беҳтарин натиҷа бас даст орад.
Дар ҳамин ҳол, мураббии тими миллии футболи занона се далелро номбар кард, ки то ҳол имкон намедиҳад, то тими миллӣ ба натиҷаҳои пешрафт ноил гардад.